Ниқоб дошта бошед. Пажӯҳишҳои нав ва эҳтиёт аз сироят ба КОВИД-19

Ин назарияи дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой гирифтаву ҳоло дар фазои маҷозӣ дар гардиш аст. Он ба ниқоб иртибот дорад. Аслан дар бораи ниқоб ба хотири пешгирӣ аз коронавирус КОВИД-19 зиёд гуфтанду навиштанд. Ҷойе онро лозим надонистанд, таъкид ба зарурати он нашуд, дар натиҷа шоҳид шудем, ки он ҷо сироятёфтагон афзуданд. Ҷойи дигар ишора шуд, ки дар фалон ҳолат ниқоб хуб аст, дар фулон ҳолат на. Ин ҳам таҷриба шуд, вале дар ҳамаи ин ҳолатҳо пӯшидани ниқоб тавсия мешуд, ҳарчанд гоҳо бо маҳдудиятҳо.

Аммо илм то кунун посухи дақиқ надорад, ки ниқоб то куҷо барои пешгирӣ аз коронавирус муфид аст ва он бояд чӣ гуна бошад. То даме, ки олимон фикру андешаҳои мухталифро мавриди омӯзишу таҳлилу таҳқиқ қарор медиҳанд, шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам оромиш надоранд. Дар маврид як фарзияи дигар ҳам ҳоло пахш шуда, ки хулосааш ба ҳатман доштани ниқоб ишора мекунад. Он фарзия ин аст:

Донишмандон ҳоло сари ин андеша изҳори назарҳо мекунанд, ки худ аз худ доштани ниқоб ин ба мисли воксан аст. Механизми таъсир тахминан ба ин тартиб аст:

* Шумо ниқоб мепӯшед.

* Ин ниқоб ҳама чиро меполояд, вале на билкул ҳамаро. 

* Меъёри муайяни коронавирус ба ҳар ҳол боқӣ мемонад ва он метавонад вориди бадани шумо шавад. 

* Вале он барои сирояти инсон кофӣ нест. 

* Аммо ҳамин ҳам кифоя аст, ки организм онро мушоҳида кунад, аз вурудаш хабар ёбад ва аксуламал нишон диҳад. 

* Масуният (иммунитет) хеле ба зудӣ онро нобуд мекунад ва дар хотир нигоҳ медорад.

* Дар натиҷа нисбати ин вирус масуният пайдо мешавад.

Такрор мекунем, ин ҳамагӣ як фарзия аст ва ҳоло тасдиқи илмии худро наёфтааст ва гумон аст ба ин зудӣ касе илман онро исбот кунад. Аммо ин гуна андеша дар сари донишмандон ҳаст ва то ҷойе фикри хуб ҳам мебошад.

Пас мо чӣ бояд кунем?

ҲАТМАН, КИ НИҚОБ БИПӮШЕМ!!!