Субҳи имрӯз, 28-уми сентябри соли 2020 шумори сироятшудагон ба коронавирус КОВИД-19 дар саросари олам 33 миллиону 307 ҳазору 577 нафар эълон шуд. Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар кулли кишварҳои ҷаҳон 76 ҳазору 391 ҳазор нафар мубталои коронавирус шуданд. Рӯзи гузашта Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 41 сироятшудаи нав хабар дод ва гуфт, ки шумори умумии беморони мубтало ба коронавирус дар кишвар ба 9646 нафар расид.
Шумори фавтидагон дар олам аз COVID-19 аз 1 миллион нафар гузашт ва рӯзи гузашта аз ин беморӣ дар ҷаҳон 1 ҳазору 629 нафар ҳалок шуданд. Дар Тоҷикистон аз оғоз то кунун аз КОВИД-19 75 нафар ҷон бохтанд.
Вазорати тундурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахиран хабар дода, ки дар кишвар 87,4 дарсади мубталоён муолиҷа шудаанд.
ИМА чун рӯзҳои пеш дар сафи аввали кишварҳоест, ки бемори мубтало ба коронавирус бештар доранд. Теъдоди мубталоён ба КОВД-19 дар ИМА қариб ба 7 миллион нафар расидааст. Ҳинд, Бразилия, Русия, Колумбия, Перу, Мексика, Испания, Аргентина ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар даҳгонаи сироятшудагони бештар ба коронавирус шомиланд.
Дар Москав ва атрофи он чораҳои нави зидди COVID-19 65+ барои одамон ҷорӣ кардаанд. Ба сокинон тавсия дода шудааст, ки дар хона бимонанд ва аз иртиботҳои зиёдатӣ ва нозарур худдорӣ варзанд. Ба корфармоён тавсия дода шудааст, ки кормандонашонро ба кори фосилавӣ гузаронанд.
Русия хабар дод, ки миёни ин кишвар ва Кореяи Ҷанубӣ парвози ҳавопаймоҳо аз сар гирифта шудааст.