Аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании НАЗДИ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон баҳри таъмини бехатарии сокинону меҳмонон, ки барои истироҳату фароғат соҳили "Баҳри тоҷик" обутобгоҳи Сайёд омадаанду хурду калон бо шиноварӣ машғуланд аксияи "Саломатӣ- гавҳари ноёби инсон!" ташкил ва гузаронида шуд.
Дар рафти аксия ба сокинон ва меҳмонон оид ба риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, қоидаҳои шиноварӣ дар об, истифодаи ниқобҳои тиббӣ, истифодаи маводҳои антисептикӣ, риояи масофаи иҷтимоӣ, нигоҳдории маданияти шаҳрдорӣ ҳангоми истироҳат корҳои тарғиботиву гузаронида шуда, китобчаҳо ва ёддоштҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Ш.Бутаева