Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030» ва ҷиҳати иҷрои нақшаи чораҳои таъхирнопазир ва пешгирикунандаи ҳолатҳои фавқулода дар мавсими боронгариҳо ва пешгирӣ дар ҳолати рух додани селу обхезиҳо барои соли 2021, ки бо қарори Раиси шаҳри Гулистон тасдиқ гардидааст, як қатор корҳоро ба анҷом расонид.
Бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Собитҷон Мақсудов дар соҳили «Баҳри тоҷик» наздикии боғи Темурмалики шаҳр корҳои соҳилбандӣ бо истифода аз сангҳои калонҳаҷми бетонӣ бо техникаҳои махсуси муҳандисӣ шурӯъ гардид.
Бояд қайд намуд, ки айни замон дар соҳили «Баҳри тоҷик» корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома дошта, мошинҳои боркаш сангҳои калонҳаҷми бетониро ба мавзеи мазкур кашонида истодаанд. Тадбирҳои мазкур баҳри пешгирии ҳодисаҳои фавқулода дар соҳили «Баҳри тоҷик» роҳандозӣ шудаанд.