Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки давоми як шабонарӯзи охир дар мамлакат 21 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, инчунин, 14 нафар пас аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат шуданд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали ҳамагирӣ то 25 июн дар кишвар 13392 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13243 нафар (98,9%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 90 нафар фавтидаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин эълон кард, ки бо мақсади пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 маъракаи эмкунии шаҳрвандони аз 18-сола боло дар шаҳри Душанбе оғоз гардид. Бино ба иттилои ин манбаъ аз субҳи дирӯз, 25-уми июн шаҳрвандони зиёде ба марказҳои саломатии пойтахт-шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо як ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва саҳмгузорӣ ҷиҳати пешгирии бемории мазкур ваксинаи зидди бемории коронавируси нави COVID-19-ро гирифтанд.
Дар иттилоияи ин вазорат аз ҷумла омадааст, ки махсусан, дар Маркази саломатии шаҳрии №13-и пойтахт сокинони маҳаллӣ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ аз соати 8-и субҳ барои гирифтани ваксина ба муассисаи мазкур ташриф оварда, барои муҳофизати худ ва наздиконашон ба ваксинатсия зидди бемории мазкур фаро гирифта шуданд.
Тавре масъулини муассисаи номбурда иброз доштанд, мувофиқи нақша бояд дар маркази мазкур ҳудуди 43 156 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шаванд.
Дар идомаи хабари мазкур, ки сомонаи вазорат чоп кардааст, гуфта шудааст, ки ҳамзамон маъракаи иммунизатсия бар зидди сирояти коронавирус дар Маркази саломатии шаҳрии №6-и пойтахт низ бо иштироки фаъоли сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷараён гирифт.
Тавре иттилоъ дода шуд, аллакай дар ҳудуди ноҳияи мазкур нақшаи ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифтани шахсони аз 60-сола боло пурра иҷро шуда, табибони ин марказ нақша доранд, ки ҷараёни иҷрои нақшаи фарогирии дигар қишрҳои ноҳияро бо ваксинаи зидди бемории коронавирус боз ҳам ҷоннок намоянд.
Ҳамзамон, дар тамоми марказҳои саломатии шаҳри Душанбе гурӯҳҳои сайёр ташкил шудаанд, ки нафарони имконияташон маҳдудро дар манзилҳои истиқоматиашон ба ваксина муқобили ин беморӣ фаро мегиранд.
Вазорати тандурустӣ ҳамчунин ёдовар шудааст, ки гирифтани ваксинаи зидди бемории COVID-19 дар мамлакат ройгон буда, ба шаҳрвандон пас аз гирифтани ваксина Гувоҳинома дода мешавад.
Тавре мутахассисони соҳа таъкид мекунанд, ягона роҳи эмин мондан аз сирояти коронавируси нави COVID-19-ин гирифтани ваксинаи зидди бемории мазкур мебошад. Танҳо бо гирифтани ваксина ҳар яки мо метавонем худ ва наздиконамонро аз сироят ёфтан ба коронавирус эмин нигоҳ дорем.
Расмҳо аз сомонаи Вазорати тандурустӣ.