Дар вилояти Суғд дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон (КБСС) дар доираи лоиҳаи «Кор бо ҷасадҳо ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда" бо иштироки 21 нафар хизматчиёни ҳарбии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд семинар - машварат оид ба кор бо ҷасадҳо ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда оғоз гардид.
Дар оғози чорабинӣ сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд полковник Баҳром Додиён меҳмонон ва аҳли иштирокчиёнро хайрамақдам намуда, ба кбсс изҳори миннатдории хешро баён намуданд. Инчунин таъкид намуданд, ки афсарон дар дарсҳо фаъолона ширкат намуда, аз мутахассисони барои гузаронидани курси мазкур сафарбаршуда самаранок истифода бурда, баҳри баланд бардоштани маҳорати касбии худ кӯшиш намоянд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки семинари мазкур аз санаи 30 июн то 2 июли соли 2021 идома хоҳад ёфт.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни баргузориии семинари мазкур иштирокчиён савияи дониши худро дар самти кор бо ҷасадҳои ҳолатҳои фавқулодда ва дигар офатҳои табиӣ бо истифодаи як қатор таҷҳизоти махсуси наҷотдиҳӣ ва воситаҳои муҳофизати шахсӣ такмил хоҳанд дод. Мавзӯъҳои таълимӣ аз ҷониби устодони касбӣ гузаронида мешаванд.