Бо мақсади ташаккули сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода ва дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2021, 29-30 июни соли 2021 дар ҳудуди вилояти Суғд, аз ҷумла дар ноҳияи Ашт ва шаҳри Конибодом машқи фармондеҳӣ- ситодӣ дар мавзӯи: «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи шаҳр ва ноҳия ҳангоми боридани боронҳои пай дар пай ва омадани сел» баргузор гашт.
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо бонги ҷамъ ҳайати роҳбарикунандаи ноҳия, Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда, зернизоми вазифавии Низоми ягонаи ноҳия ҷамъ карда шуда, аз ҷониби Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо масъулини дахлдор вазифагузорӣ карда шуданд.
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо бонги ҷамъ ҳайати роҳбарикунандаи шаҳр, комиссияи ҳолатҳои фавқулодда, зернизоми вазифавии Низоми давлатии шаҳр ҷамъ карда шуда, аз ҷониби Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода масъулини дахлдор вазифагузорӣ карда шуданд. Кайд кардан ба маврид аст, ки ҳадафи машқҳо ин - баланд бардоштани малакаи ҳайати роҳбарикунанда, санҷиши омодагии қувва ва воситаҳои зернизоми вазифавии Низоми ягона мебошад.