АЗ ДОНИШНОМА. Хароб шудани виадук дар Генуя

ШАРҲИ ИСТИЛОҲ: Виадук (анг. Viaduct) пули дарагузар, роҳбур, пули болои ҷарӣ ва ё пуле, ки зераш роҳи дигар мегузарад.  Пуле аст, ки аз чанд даҳанаи кӯчак ташкил шуда, аз рӯи як дара (хушк ё тар)...Калимаи  виадук  аз вожаи лотинии via ба маънои ҷода ва ducere ба маънои ҳидоят кардан гирифта шудааст. Дар Руми бостон аз ин истилоҳ истифода намешудааст ва ин калима дар садаи нуздаҳум аз вожаи aqueduct гирифта шуд.

Генуя шаҳри бандарӣ дар каронаи шимолии баҳри Миёназамин ва шимолу ғарби Италия дар наздикии марзи Фаронса.

Ин рӯйдодро як ҳодисаи техногенӣ дар Италия меноманд, ки 14-уми августи соли 2018 рух додааст.  Яке аз ду такягоҳи марказии виадук хароб шуд ва ба замин зад. Ҳамроҳ бо он равоқи 200-метра, ки болои он дар ҳамин ҳол беш аз 30 мошини сабукрав ва се мошини боркаш мегузашт, низ чаппа шуд. Бино ба маълумоте, ки ҳамзамон расонаӣ шуда буд, дар ин ҳодиса 43 нафар ҷон бохтанд, ки 4 тани онҳо кӯдакон буданд. 

То ба имрӯз сабаби ин ҳодиса маълум нест, аммо мегӯянд ба вайрону валангор шудани пул тӯфоне, ки субҳи рӯзи фоҷеа рух дода буд, сабаб шуд.  Аммо вазири нақлиёти Италия Данило Тонинелли, ки ба дунболи ин ҳодиса ба макони фоҷеа рафта буд, гуфт, ки ин пул хуб нигоҳубин намешуд ва як сабаби тоб наоварданаш ба тӯфон низ ҳамин аст.

Додситони Генуя Франческо Котси омили инсониро сабаби ин фоҷеа номид ва гуфта буд, ки бояд барои исботи ҳамаҷониба далелҳои муътамадро ҷамъоварӣ кунад. Ва прокурори Генуя низ таъкид кард, ки муддати 25 сол ин пул аслан таъмир нашуда буд.

Дар Генуя рӯзҳои 15-16-уми август ва дар Комиссияи Аврупо рӯзҳои 17-19 август рӯзҳои мотам эълон шуда буданд. 

ВА БОЗ ДАР ИН МАВЗӮЪ:

АЗ ДОНИШНОМА. ФУРӮ РЕХТАНИ БОМИ БИНОИ ВАСЛ ВА ОЗМОИШИ КОСМОДРОМИ БАЙКОНУР

АЗ ДОНИШНОМА. ФУРӮ РЕХТАНИ НОГАҲОНИИ СОХТМОН. ЧӢ БОЯД КАРД?

барчасп: