Наҷоти се нобилғ дар обҳои вилояти Суғд дар як рӯз

Рӯзи гузашта, соати 15:30 дақиқа  ҳангоми навбатдорӣ дар обутоббгоҳҳо ва гузаронидани рейдҳои назоратӣ дар минтақахои хавфноки дарёи Сир  наҷотдиҳандагони бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ду нафареро мушоҳида карданд, ки дар мавзеъи соҳилии боғи фарҳангӣ- фароғатии Наврӯзгоҳ ғарқ мешуданд. Бо сари вақт хабардор шудан ва андешидани чораҳои зарурӣ ин ду ғарқшаванда наҷот ёфтанд. Ба ҳарду кӯмаки аввалияи тиббӣ расонида шуд. Вазъи саломатиашон хуб арзёбӣ мегардад. Ҳангоми сӯҳбат муайян гардид, ки 12-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ва дуюмӣ 16-сола сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд мебошанд.

Инчунин бино ба иттилои навбатдорони Дастаи махсуси зудамали наҷоти вилояти Суғд дар обанбори Баҳри тоҷик соати 15:50 дақиқа  дар минтақаи хавфноки мавзеи Осоишгоҳи Шифо як нафар сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли таваллудаш 2004, ки ҳангоми шиноварӣ ғарқ мешуд,  сари вақт наҷот доданд. Ғаввосон: прапоршик Рустам Сангинов ва Диловар Дилшодов дар кутоҳтарин фурсат худро ба об ҳаво доданд ва ҳама чораҳоро андешиданд, то ин танро, саломат ба соҳил расонанд.

Кормандони ёрии таъҷилӣ низ кӯмак даъват карда шуданд. Хушбахтона, вазъи саломатиаш мӯътадил гардид ва ба хона рухсат карда шуд.

Зикр ба маврид аст, ки ҳодисаҳои мазкур дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои шиновариву техникаҳои бехатарӣ, надоштани камзӯлҳои наҷот ва истифодаи камераи автомошина ба амал омадааст.

Дар се ҳолат ҳам ноболиғон бе раҳнамоӣ ва назорати волидону пайвандонашон дар ҷойҳои мамнӯъ оббозӣ кардаву ҷонашонро дар хатар гузоштаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда борҳо аз волидон хоҳиш кардааст, ки фарзандони наврас ва кӯдакони худро танҳо нагузоранд. Вале мутаассифона, ҳодисаҳои аз ин гуна беназоратиҳо фавтидани наврасону кӯдакон зиёд ба қайд гирифта мешавад. 

 

Ш.Бутаева