Ҳам таблиғ ва ҳам тамрин

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе дар соҳилҳои дарёҳо, каналҳо ва кўлҳо, ки аз ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе мегузаранд, ба роҳандозии корҳои таблиғотӣ идома медиҳад. Дар ин фасли гарми тобистон, ки бисёриҳо ба соҳили обҳо мераванд, донистани қоидаҳои бехатарӣ барояшон зарур аст. Зеро аксар ҳодисаҳои ғарқшавӣ бар асари надонистани ҳамин қоидаҳо рух медиҳанд.

Дар рафти гузаронидани корҳои таблиғотӣ аз ҷониби Дастаи Махсуси зудамали наҷоти Раёсат дар кўли «Ҷавонон» дар мавзўи омодасозии аҳолӣ ба пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ, риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозии кўдакон, наврасон, калонсолон дар мавзеъҳои шиноварӣ ва тарзи расонидани ёрии аввалини тиббӣ ҳангоми ғарқшавӣ тамрин гузаронида шуд.

Ҳам замон ба ширкаткунандагон варақаву китобчаҳои таблиғотӣ дар бораи оббозӣ ва қоидаҳои бехатарӣ тақсим карда шуданд.

Ҷараёни чорабиниҳоро шабакаи телевизионии «Мир» ба навор гирифт.

 

О. Фахриддинзода

барчасп: