Дар таркиши газ пирамарде ҳалок шуд, ки таҳдид мекард хонаро ба хок яксон мекунад
Чоп шуд: 30/03/2021 | redaktorИн ҳодиса рӯзи душанбе дар шаҳри Зеленодолски Тотористон рух дод. Бар асари инфиҷори газ ҳафт манзили истиқоматӣ дар ошёнаи ҳафтум ва ҳаштуми бино хароб шуд. Пирамарди 87-солае низ кушта шуд, ки хешовандонаш талош мекарданд зудтар ба бемористони касалиҳои рӯҳӣ баранд.
Субҳи имрӯз корҳои наҷот ба анҷом расиданд.