Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бар асоси нақшаи чорабиниҳои баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳо, анъана ва ҳунарҳои мардумӣ барои солҳои 2019-2021 аз ҷонибии Шўрои бонувони Раёсат чорабиниҳои “Чакомаи гесў, ороиши мўй, рўй, тарзи ҳаракати мавзун, фарҳанги муоширати духтарон”, “Озмуни кадбонуи беҳтарин”, “Хуришҳои беҳтарини миллӣ ва муосир”, “Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам” баргузор гардид. Ин чорабиниҳо ҷузъе аз тадорукоти наврӯзии имсола буданд, ки чун анъанаи солҳои пеш такрор шуданд
Дар чорабинии мазкур бонувони Раёсат, ба гурўҳҳо ҷудо шуда, аз рўи шартҳои гуногун байни ҳам сабқат намуда, маҳорати кадбонугиву дўзандагии худро санҷиданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинии мазкур аз рўи шарти “Ороиши мўй, рўй, тарзи ҳаракати мавзун”, “Озмуни кадбонуи беҳтарин”, “Хуришҳои беҳтарини миллӣ ва муосир”, “Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам” намудҳои таомхои миллӣ, хуришҳои миллӣ ва муосир, рост кардани нон намоиш дода шуда, гулдухтарон таому хуришҳои омода кардаи худро пешкаши ҳозирин намуданд.
Маҳорати беҳтаринҳо аз тарафи ҳакамон ва иштирокдорон муайян карда шуд. Ғолибон бо мукофотҳо ва сипосномаҳои Роҳбарияти Раёсат қадрдонӣ карда шуданд.
Шаҳзода Бутаева