COVID-19: Президенти Покистон баъди эмкунӣ бо воксани чинии Sinopharm ба коронавирус сироят шуд

ҷумин ҳафта аст, ки дар олам дубора шумори сироятшудагон ба коронавирус афзоиш меёбад. Бино ба маълумти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳафтаи сипаришуда дар олам 3,8 миллион нафар мубталоён ба ин вирус ба қайд гирифта шуданд, аз он 64 187 нафар фавтиданд. Ҳамоно Бразилия, ИМА, Ҳинд, Фаронса, Туркия, Лаҳистон, Италия, Олмон, Украина ва Русия дар даҳгонаи кишварҳое мебошанд, ки сироятшудаи бештар доранд.

Қарор аст имрӯз, 30-уми март Созмони ҷаҳонии тандурустӣ натиҷаи санҷишҳо дар мавриди сарчашмаҳои пайдоиш ва густариши коронавирусро расонаӣ кунад.  Ин созмон мегӯяд ҳамакнун маърӯзаи гурӯҳи донишмандоне, ки ахиран ба шаҳри Вуҳони Чин рафтаву масъаларо аз наздик таҳқиқ карда буданд, дар даст дорад. Ин гурӯҳи олимон 14-уми январ ба Чин рафта буданд. Ба ин гурӯҳ олимони шинохтаи вирусшинос аз ИМА, Австралия, Олмон, Ҷопон, Британияи Кабир, Русия, Нидерландия, Қатар ва Ветнам шомил буданд.  

Вазири корҳои хориҷии Бразилия Эрнесто Араухо баъди интиқоди парламон аз камбуди воксан зидди короонавирус аз мақомаш истеъфо дод.

Мексика маълумоти нав дар бора маргумир дар ин кишвар бар асари коронавирусро интишор дод, ки тибқи он 321 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Ин 60% бештар аз оморест, ки пештар эълон шуда буд.  

Британияи Кабир шабонарӯзи гузашта 4654 сироятшудаи навро сабт кард.

Португалия тасмим гирифт манъи иртиботи ҳавоӣ бо Бразилия ва Британияи Кабирро то 15-уми апрел тамдид кунад.

Қуюди шабгардие, ки дар як қатор вилоятҳои Туркия рӯзҳои шанбе эълон мешуд, ҳоло рӯзҳои якшанберо низ дар бар хоҳад гирифт. Одамон аз соати 21:00 то 05:00 ҳақи гаштугузор надоранд.

Биологҳои Исроил хабар доданд, ки штамми нави коронавирусро дар қаламрави кишварашон ошкор кардаанд, ки аз тирамоҳи соли 2020 пайдо шуда будааст. Мутатсияи нав эҳтимолан ба тез сироят шудан ва паҳн гаштан мусоидат мекунад.

Президенти Покистон Ориф Алвӣ баъди эмкунӣ бо аввалин дозаи воксан чинии Sinopharm ба коронавирус сироят шуд. Дар ин бора Алвӣ рӯзи 29-уми март дар саҳифаи худ дар  Тwitter хабар дод. Вай гуфтааст, ки шояд аз он сироят шуд, ки организм баъди қабули вояи дуюми воксан антитела пайдо мекунад.  

Дар миёни сокинони Молдова, ки мехоҳанд худро зидди коронавирус эм кунанд, аксаран хоҳишу тамоил ба воксани русии Спутник доранд.  

57% сокинони Украина намехоҳанд худро зидди COVID-19 эм кунанд.  

Шумори умумии сироятшудагони ошкоршуда дар як шабонарӯз дар Белорусия 918 нафар эълон шуд ва аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар 319 599 нафар олуда шуданд.  

 Русия аз мубтало шудани боз 8711 нафар ба COVID-19 хабар дод

То 29 марти соли равон дар Қувваҳои мусаллаҳи Русия беш аз 500 нафар гирифтори коронавирус шуданд.  

 То 29 март дар Қазоқистон 31 42 нафар аз коронавирус пурра эм карда шуданд. Аз ҷумла, дозаи аввалро 122 701 нафар ва дозаи дуюмро 31 422 нафар гирифтаанд. Шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 1492 ҳодисаи сироят ба КОВД-19 сабт шудааст.

Дар Ӯзбекистон дар як шабонарӯз 196 нафар чун гирифтори нав сабт шуданд. Бештари мубталоёни нав дар шаҳр ва вилояти Тошканд ба қайд гирифта шудаанд.