Сарватмандтарин марди Ҷумҳурии Чех дар суқути чархбол дар Аляска ба ҳалокат расид | Видео

Дар садамаи маргбори чархбол дар Аляска сарватмандтарин шахси Ҷумҳурии Чех, соҳибкори маъруф Петр Келлнер ба ҳалокат расид. Ӯ соҳиби бонки “Ҳоум Кредит” аст, ки дар Русия фаъолият мекунад. Пештар шабакаи мағозаҳои машҳури фурӯши техникаи маишии “Элдорадо” мутааллиқ ба вай буд.  Ахиран маҷаллаи Forbes сармояи ӯро 17,5 миллиард доллар эълон карда буд. Чархболи  Airbus AS350 B3 имрӯз, 29-уми март дар Аляска суқут кард, хабар дод нашрияи The Washington Post.

Ин нашрия ҳамчунин гуфт, ки ҳамроҳ бо Келлнер боз панҷ нафари дигар ҳам кушта шуданд. Ҷасади онҳоро дар наздикии пиряхи Кник пайдо кардаанд.

Дар айни замон сабаби суқути чархбол маълум нест, тафтишот дар ин маврид идома дорад.

Гуфта мешавад, ки Келлнер 56 сол дошт. Сарвазири Чех Андрей Бабиш дар таъзияи худ ба хонаводаи соҳибкори миллиардер гуфтааст, ки “Ба он чи гузашт, бовар кардан мушкил аст. Ман хеле аз ин мутаассифам”. 

Келлнер  хатмкардаи Донишгоҳи иқтисодии Прага буда, солҳои 1990 муддате дар соҳаи синамо кор кардаву ҳатто дар филми “Замони хидматгорон” нақш ҳам офаридааст.  Баъдан ба Русия омадаву саргарми корҳои соҳибкорӣ шудааст. Роҳи дар соҳибкорӣ тайкардаи ӯ осону сода набудааст, вале билохира ӯро ба қуллаҳои мақсуд расондаву ба як сарватманди бузурги як кишвари аврупоӣ табдил кардааст.

Вай яке аз дӯстони Роман Абрамович будаву соли 2018 расонаҳои хабарии олам навишта буданд, ки маҳз Келлнер харидори клуби футболи Абрамович мебошад. 

барчасп: