Имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чанд соат пештар як духтари 15-солаеро наҷот доданд, ки ба қасди худкушӣ худро ба дарёи Сир афканда буд. Хабари худро ба дарё сарозер кардани ин духтар соати 12:20 дақиқа расид ва наҷотдиҳандагон фаврӣ ба ҷойи ҳодис а ҳозир шуданд.
Корҳои наҷот вақти зиёд нагирифт. Ба муҷарради ба макони ҳодиса расиданд, имдодгарон фаврӣ худро ба об зада, духтарро зинда наҷот доданд.
Ҷузъиёти бештар дар бораи ин духтар маълум нест. Маълум ҳам нест, ки чӣ ва ё кӣ ӯро ба амали худкушӣ тела тела додааст.
Наҷотдиҳандагон то омадани мошини ёрии таъҷилӣ ба духтар кумакҳои аввалияи тиббиро расонданд. Ба сабаби сардии оби дарё наҷотёфта ба ёрии амалии тиббӣ ниёз дошт. Аз ин рӯ, зарур омад ӯро бо мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористон интиқол диҳанд.
Мақомоти дахлдор сабабҳои ин иқдоми духтари 15-солро меомӯзад.
Шаҳзода Бутаева
МАТОЛИБИ ҲАМСОН:
- Наҷоти як ҷавонзани 19-солае, ки мехост дар Сир худкушӣ кунад
- Ҷасади зане, ки бо се фарзандаш худкушӣ карда буд, пайдо шуд. Дар Роштқалъа ҳам як марди баркамол даст ба худкушӣ задаст
- Наҷоти як духтари 17-сола дар Суғд, ки қасди худкушӣ дошт. Шуъбаи шаҳрӣ ду наҷотбахши духтарро бо сипоснома қадрдонӣ кард.
- Наҷоти духтари 20-солае, ки даст ба худкушӣ зада буд
- Ифтихорномаҳо ба касоне, ки як писарбачаи 17-соларо аз худкушӣ наҷот дода буданд
- Боз як модар худ ва фарзандашро ба дарё афканд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: Азизонатонро эҳтиёт кунед!