Дар таркиши газ пирамарде ҳалок шуд, ки таҳдид мекард хонаро ба хок яксон мекунад

Ин ҳодиса рӯзи душанбе дар шаҳри Зеленодолски Тотористон рух дод. Бар асари инфиҷори газ ҳафт манзили истиқоматӣ дар ошёнаи ҳафтум ва ҳаштуми бино хароб шуд. Пирамарди 87-солае низ кушта шуд, ки хешовандонаш талош мекарданд зудтар ба бемористони касалиҳои рӯҳӣ баранд.

Субҳи имрӯз корҳои наҷот ба анҷом расиданд. Дар хабари расмӣ гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса ду нафар – марди соли таваллудаш 1934 як зани дигар ҳалок шуданд. Чор нафар бо захму ҷароҳатҳо дар бемористон бистарӣ шуданд. 69 нафар сокинони ин бино ба ҷойҳои дигар интиқол ёфтанд.  

Кумитаи тафтишоти Русия дар хабари ин таркиш навиштааст, ки “рӯзи фоҷеа хешовандони пирамарди 87-солае, ки дар ин инфиҷор яке аз қурбониён буд, ӯро ба бемористони касалиҳои рӯҳӣ бурданд ва гуфтанд, ки зиёд менӯшад, аз машрубон сӯистифода мекунад ва таҳдид дорад, ки хонаро нобуд мекунад. Аммо дар бемористон аз бистарӣ кардани вай худдорӣ карданд”.

Дар раёсати минтақавии Вазорати ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, ки дар зери хоктӯдаҳо шояд одамон бошанд. Вале хабаргузории ТААС истинодан ба манбаъҳои дигар хабар дод, ки дигар касе зери хоку санг боқӣ намондааст.

Манбаъҳо мегӯянд эҳтимолан сабаби ин фоҷеа талошии кадоме аз сокинон барои худкушӣ бошад.

Кумитаи тафтишот аз рӯи чанд моддаи ҷиноӣ парванда боз кардааст.

барчасп: