Пирӯзии навбатии дастаи волейболбозони Кумита. Ҳисоб: 2:0

Дастаи волейболбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаи навбатӣ бо дастаи Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Ин бозӣ охири ҳафтаи гузашта дар толори   Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 баргузор шуд.

Президенти Аргентина Алберто Фернандес ба коронавирус мубтало шудааст. Фаронса бори сеюм ба карантин рафт

Истеҳсоли воксани AstraZeneca аз COVID-19 дар корхонаи биотехнологии Emergent BioSolution – и шаҳри Балтимори иёлоти Мэриленд бо қарори ҳукумати ИМА қатъ шуд. Аз ин ба баъд ин корхонаи биотехнологӣ пурра ба тавлиди воксани Johnson & Johnson мегузарад.

Дар Фаронса ахбори баъзе расонаҳои хабариро дар мавриди ҳузури иддае аз вазирон...

COVID-19: Дар Тоҷикистон 3 ҳазор нуқтаи эмкунӣ боз карданд

3-уми апрели соли равон шумори гирифторон ба вируси корона дар олам 130 миллиону 878 ҳазору 429 нафар эълон шуд. Шабонарӯзи гузашта 216 ҳазору 288 нафар чун сироятшудаи нав сабт шуданд ва аз ин беморӣ 5 814 нафар фавтиданд. Шумори ҷонбохтагон аз аввали ҳамагирӣ ба 2 миллиону 851 ҳазору 800 нафар расидааст.

Нидерландия эмкунии сокинони то 60-солаи худро ба...

Қатори аз хат хориҷшуда дар Тайван 41 кушта бо ҷой гузошт (ВИДЕО)

Як қатор дар Тайван аз хати ҳаракати худ хориҷ шудаву дар ин ҳодиса ҳаддиақал 41 нафар кушта шудаанд ва шумори захмиён беш аз 60 нафар эълон шудааст. қатор бо 490 мусофир дар як нақб дар ҳоли ҳаракат буд. Хабаргузории Рейтер навиштааст, ки ин бузургтарин ҳодисаи маргбори қатор дар Тайван дар ин 40 соли охир мебошад.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои номусоиди рӯзҳои оянда: ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар аз 4 то 5 апрели соли 2021 дар баъзе ноҳияҳо боронҳои пуршиддат меборанд, дар водиҳо ин борон метавонад ҳамроҳ бо раъду барқ ояд. Дар доманакӯҳҳо, дар баландиҳои  беш аз 2000 метр шабонгаҳон барф меборад. Ҳамчунин эҳтимоли...

Страницы