Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар аз 4 то 5 апрели соли 2021 дар баъзе ноҳияҳо боронҳои пуршиддат меборанд, дар водиҳо ин борон метавонад ҳамроҳ бо раъду барқ ояд. Дар доманакӯҳҳо, дар баландиҳои беш аз 2000 метр шабонгаҳон барф меборад. Ҳамчунин эҳтимоли боридани жола низ вуҷуд дорад.
3-ум ва 4-уми апрел дар баъзе ноҳияҳо вазиши боди шадид ба суръати 15-20 метр дар як сония дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои вилояти Суғд бошад, суръати вазиши шамол то ба 21-26 метр дар як сония мерасад.
Рӯзҳои 2-5 –уми апрел дар натиҷаи баланд шудани дамои ҳаво лағзиши тарма ва резиши санг дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ, ҳамчунин омадани сел дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикӯҳӣ эҳтимол дорад.
Рӯзҳои 4-5 апрел болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор, дарёҳои Ёхсӯ ва Қизилсӯ интизор меравад.
Маъмулан боронҳои шадид сабабгори ҷунбишу ҳаракати хоки теппаҳои наздикӯҳӣ мешаванд. Ҳавои номусоид корҳои чӯпониву чорвочаронӣ ва роҳандозии корҳои кишоварзиро низ ба мушкил рӯ ба рӯ мекунанд.
Дар ҳамин иртибот Кумита бори дигар аз сокинон бо як ҷаҳон эҳтиром хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо аз рафтан ба минтақаҳои кӯҳӣ, чорвочаронӣ, ҷамъоварии ҳезум ва занбурӯғҳо худдорӣ кунанд.
Ба кӯдакон бештар диққат диҳед, онҳоро ҳаргиз беназорат нагузоред!
Кумита ҳамчунин тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо шаҳрвандони моҳидорӣ нараванд, худро ҳамеша аз соҳилҳо дур нигоҳ доред!
Бо мақсади роҳ надодан ба пур шудани кӯчаҳо аз оби борон тоза кардани ҷӯйборҳо ва селроҳаҳоро фаромӯш накунед.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон хоҳиш мекунад ҳамеша ба ахбори КҲФ, ВКД ва Вазорати нақлиёт дар мавриди вазъи роҳҳо ва имрӯзу фардои ҳаво диққат диҳанд.