Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд кишварҳои сарватманд қариб кулли воксани тавлидшуда дар ҷаҳонро азхуд кардаанд
Чоп шуд: 19/04/2021 | adminСозмони ҷаҳонии тандурустӣ ба ин назар аст, ки вазъи коронавирус SARS-CoV-2 дар олам изтиробангез аст. Зарфи ҳафтаи гузашта сатҳи сироят ва маргумир аз ин беморӣ боло рафтааст. Тамоили рӯ ба афзоиши сироят ва фавт наметавонад изтиробангез набошад. Ва нуктаи муҳими дигаре, ки СҶТ борҳо ба он таъкид кардаст, ин набудани тавозун дар тақсими воксан барои кишварҳост. Ин созмон мегӯяд кишварҳои сарватманд қариб кулли воксани тавлидшуда дар ҷаҳонро азхуд кардаанд.