223 ҳолати фавқулодаи се моҳи охир ва ҳалокати 8 нафар дар офатҳои табиӣ. КҲФ фаъолияти семоҳаи худро ҷамъбаст кард

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода  ҷаласаи коллегияи Кумита баргузор шуд, ки дар он натиҷаҳои семоҳаи аввали соли 2021 ҷамъбаст гардиданд.

Дар ҷаласа сарварони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии КҲФ, роҳбарони Раёсатҳои минтақавӣ ва фармондеҳони қисмҳои ҳарбии КҲФ ширкат намуданд. 

Дар рӯзнома ду масъала барои баррасӣ гузошта шуда буд: омодагии қувваҳо, воситаҳои КҲФ ба давраи баҳориву тобистонӣ; омодагиҳо ва интизоми ҳарбӣ, сатҳи ташкили корҳои тарбиявӣ дар миёни ҳайати шахсӣ.

Дар ҷаласа муҳимтарин чорабиниҳои дар семоҳаи аввал гузаронидашуда, муваффақиятҳо ва камбудиҳо, инчунин тадбирҳои муҳим дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва қаламрави ҷумҳурӣ барои семоҳаи дуюми соли 2021 муфассал муҳокима карда шуданд.

Зикр гардид, ки дар қаламрави кишвар 223 ҳолати фавқулодда ва ҳодисаҳои табиӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 12-тои он ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар зарари моддӣ расонидааст. Дар натиҷаи офатҳои табиӣ дар семоҳаи аввали соли равон 8 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расиданд.

Дар ҷаласа ҳисоботи роҳбарони раёсатҳо ва шуъбаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии Кумита дар бораи корҳои анҷомдода ва ироаи пешниҳодҳо оид ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта шунида шуд.

Дар ҷаласа Сарварии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда як қатор камбудиҳои ҷиддии баргузории чорабиниҳо дар мавриди соҳилмустаҳкамкунӣ дар вилояти хатлон ишора кард.   

Роҳбари КҲФ диққати роҳбарони шӯъбаҳои КҲФ-ро ба омодагии саривақтӣ ва бо камоли маҳорату кордонӣ барои вокуниш ба лағзиши тармаҳо, ярчҳо, омадани селҳо, резиши сангу рег, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо дар фасли баҳор ва тобистон равона кард.

Сарвари идораи наҷоти кишвар дастур дод, ки барои омӯзиши иловагии минтақаҳои хатарнок, баррасии масъалаҳои захираҳои мавҷуда ва иловагӣ, машқҳои фавқулодда дар байни аҳолӣ дар доираи фаъолияти Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, системаи огоҳии бармаҳал, омодагӣ ба мавсими шиноварӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, назорат аз болои иҷрои санадҳои имзошудаи байналмилалӣ гурӯҳҳои махсус ташкил ва ин фаъолиятҳоро баррасӣ кунанд. Раиси Кумита ба решакан кардани фактҳои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ҳайати шахсӣ, таҳкими интизом ва баланд бардоштани масъулияти шахсии ҳар як корманди Кумита барои иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ диққати махсус дод.

Дар поёни ҷаласа фаъолиятҳои оянда мушаххас карда шуданд ва барои ҳалли чандин масъалаҳо дар нимсолаи аввал дастурҳо додаву санаи иҷрои қатъии онҳо муайян карда шуданд.

барчасп: