Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба ин назар аст, ки вазъи коронавирус SARS-CoV-2 дар олам изтиробангез аст. Зарфи ҳафтаи гузашта сатҳи сироят ва маргумир аз ин беморӣ боло рафтааст. Тамоили рӯ ба афзоиши сироят ва фавт наметавонад изтиробангез набошад. Ва нуктаи муҳими дигаре, ки СҶТ борҳо ба он таъкид кардаст, ин набудани тавозун дар тақсими воксан барои кишварҳост. Ин созмон мегӯяд кишварҳои сарватманд қариб кулли воксани тавлидшуда дар ҷаҳонро азхуд кардаанд.
Дар Британияи Кабир шабонарӯзи гузашта 1882 нафар сироятшудаҳои нав ба SARS-CoV-2 сабт шудааст.
Вазорати тандурустии Исроил аз ин ба баъд доштани ниқоб дар кӯчаро барои сокинон ҳатмӣ намешуморад. Сабаб коҳиши сироят ба коронавирус зарфи ҳафтаҳои охир аст.
Дар Туркия мубталоён ба коронавирус меафзоянд. Шабонарӯзи гузашта мақомот аз сирояти боз 63 082 нафар хабар доданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки як рӯз пеш дар ин кишвар 62 797 нафар олудаи ин вирус шуда буданд.
Ҷопон хабар дод, ки эҳтимол дар Токио дубора вазъи фавқулода эълон шавад ва сабаби ин афзоиши шумори сироятшудагон ба коронавирус мебошад.
Дар Белоруссия шабонарӯзи гузашта 1300 ҳодисаи нави сироят ба КОВИД-19 ба қайд гирфита шуд.
Русия эълон кард, ки дар 24 соати гузашта 8632 мубталои нав ба коронавирусро сабт кардааст. Суръати рушди беморӣ то 0,18 дарсад коҳиш ёфтааст.
Дар Қазоқистон то 18 апрели соли равон 679 709 нафар худро зидди коронавирус эм кардаанд.
Қирғизистон аз сирояти боз 244 нафар ба КОВИД-19 хабар дод.
Дар Ӯзбекистон зарфи шабонарӯзи гузашта 33 208 нафар эм шудаанд. Шумори гирифторони нав 342 нафар эълон шуд ва аз аввали ҳамагирӣ ба ин беморӣ 86 680 нафар мубтало шудаанд.