Шумори ҷонбохтагон аз коронавирус ба 2 миллиону 972 ҳазору 992 нафар расидааст
Чоп шуд: 14/04/2021 | adminСозмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори олудашудагон ба коронавирус дар оламро 138 миллиону 057 ҳазору 338 нафар эълон кард. Шабонарӯзи гузашта боз 230 ҳазору 922 нафар мубталои ин вирус шуданд ва 7 167 нафар ҷон бохтанд. Аз аввали ҳамагирӣ дар олам 2 миллиону 972 ҳазору 992 нафар аз ин беморӣ фавтиданд. Ин манбаъ гуфтааст, ки то ба имрӯз 111 миллиону 087 ҳазору 366 нафар пурра муолиҷа шудаанд.