Дар ноҳияи Сангвор бинои Паноҳгоҳ барои осебдидагони офатҳои табиӣ ба истифода дода шуд

Рўзи 14 апрели соли 2021 дар ноҳияи Сангвор маросими ба истифода супоридани бинои навбунёди Паноҳгоҳ барои осебдидагони офатҳои табиӣ баргузор шуд. Бинои мазкур  бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба макони зист ва Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ сохта ба истифода дода шуд.

Нуҳ объекти таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар феҳристи ЮНЕСКО

Нуҳ объекти таърихию фарҳангии долони «Зарафшон-Қайроққум» расман ба Феҳристи пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Ин обеъектҳо, аз қабили «Панҷакенти Қадима», «Шаҳраки Санҷаршоҳ», «Шаҳраки Ҳисорак», «Гардани Ҳисор», «Қалъаи Муғ», «Қум», «Тали Хамтуда», низоми обёрикунии «Токсанкорез» ва Мақбараи «Хоҷа Муҳаммади Башоро» мебошанд.

Пешгирӣ аз офатҳои табиии эҳтимолӣ дар ноҳияи Шаҳристон

Дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд баҳри пешгирии ҳодисаҳои нохуш, коҳиши хатари офатҳои табиӣ як силсила корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, вохӯриҳо гузаронида мешавад. Дар канори роҳандозии корҳои ташвиқотӣ ҳамчунин бо ҷалби аҳолии маҳалҳо корҳои зиёди соҳилбандӣ, тоза кардани ҷӯву заҳбурҳо ба хотири пешгирӣ аз хатари сел анҷом мегиранд.

Рӯзи гузашта ҳамин гуна чорабинӣ бо ширкати...

Ҷасади зани 29-солае, ки аз канали “Дереватсионӣ” пайдо карданд, сокини ноҳияи Варзоб будааст

Дирӯз, 13-уми апрел соати 16:05 дақиқа ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабари ғарқи об шудани як зан расид. Дастаи зудамал фавран ба ҷойи ҳодиса расид ва барои берун овардани ҷасад аз миёни оби канал вориди амал шуд.

 

Машғулиятҳо барои афсарони Раёсати КҲФ дар Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи  омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи Аврупо ва Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе,  баҳри иҷрои бандҳои «Стратегияи миллии Ҷумҳурии

Страницы