Ҷасади зани 29-солае, ки аз канали “Дереватсионӣ” пайдо карданд, сокини ноҳияи Варзоб будааст

Дирӯз, 13-уми апрел соати 16:05 дақиқа ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабари ғарқи об шудани як зан расид. Дастаи зудамал фавран ба ҷойи ҳодиса расид ва барои берун овардани ҷасад аз миёни оби канал вориди амал шуд.

Соати 16:50 дақиқа ҷасадро аз об берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Маълум шуд, ки ғарқшуда як ҷавонзани 29-сола, сокини ноҳияи Варзоб буда, соҳиби 2 фарзанд будааст.

Сабаби дар об ғарқ шудани марҳум маълум нест. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Зарфи ду рӯзи охир ин сеюмин ҳодисаи марги зану духтарони ҷавон дар кишвар аст, ки дар пайдо ва ба мақомот супурдани онҳо кормандони имдоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда саҳм мегиранд.

 

МАТОЛИБИ ҲАМСОН: