Пешгирӣ аз офатҳои табиии эҳтимолӣ дар ноҳияи Шаҳристон

Дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд баҳри пешгирии ҳодисаҳои нохуш, коҳиши хатари офатҳои табиӣ як силсила корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, вохӯриҳо гузаронида мешавад. Дар канори роҳандозии корҳои ташвиқотӣ ҳамчунин бо ҷалби аҳолии маҳалҳо корҳои зиёди соҳилбандӣ, тоза кардани ҷӯву заҳбурҳо ба хотири пешгирӣ аз хатари сел анҷом мегиранд.

Рӯзи гузашта ҳамин гуна чорабинӣ бо ширкати кормандони бахши Раёсати вилоят дар ноҳияи Шаҳристон дар ҳамкорӣ бо аҳолӣ дар деҳаи Ҳисори ҷамоати деҳоти Бунҷикат баргузор гардид.

Бо талоши сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳияи Шаҳристон майор Хуршед Муродов ва Ситоди доимамалкунандаи ҷамоат бо иштироки 32- нафар сокиноне, ки дар минтақаҳои хавфнок истиқомат мекунанд, вохӯрӣ гузаронида, дар рафти мулоқот масъалаҳои андешидани чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ ҷиҳати коҳиши хатари офатҳои табиӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Гуфта шуд, ки пешгирӣ ба маротиб осонтар аз бартарафсозии паймадҳои ҳар офати табиист. Аз ин рӯ, сокинон бояд саҳми худро дар ин корҳо гузоранд.

Айни ҳол аз тарафи сокинон бо истифода аз семент, симтурхалта ва арматураҳо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ оғоз гардида, ҳашари дастаҷамъона идома дорад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки деҳаи Ҳисори ҷамоати деҳоти Бунҷикат ҳамасола дар мавсими боронҳо ва омадани сели калон ба хоҷагии халқ зарари иқтисодӣ мерасад.

Ш.Бутаева