Фаврӣ: Тарма ба чанд хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Хоруғ зарар расонд!

Субҳи имрӯз тақрибан соати 10 дар қаламрави шаҳри Хоруғ лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Бар асари ин ҳодиса чандин хонаҳои истиқоматӣ зарар диданд. Дар ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, қувва ва воситаҳои Системаи ягонаи давлатии рафъи паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодаи вилоят фаъолият доранд.

Ҳафт ҳодисаи лағзиши тарма дар як шабонарӯз. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Шабонрарӯзи гузашт адар қаламрави кишвар ҳафт ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Чунончӣ, 13 феврали соли 2023 дар ҳудуди ноҳояиҳои Шуғнон, Ишкошим ва шаҳри Хоруғи ВМКБ ҳодисаи лағзиши тарма дида шуд, ки бар асари он дар қитъаҳои гуногуни роҳи мошингарди Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб ва Хоруғ – Кӯлоб – Душанбе  муваққатан баста шуданд.

Имдодгарони КҲФ дирӯз дар Қаҳрамонмаръаш 31 ҷасадро аз зери вайронаҳо берун оварданд (ВИДЕО)

Зарфи 18 соати кор дар минтақаи зилзилазадаи шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зери вайронаҳо 31 ҷасадро берун оварданд ва ба мақомоти марбута супурданд. Аз ғози корҳои ҷустуҷӯву наҷот дар ин минтақаи офатзада имдодгарони тоҷик аз зери харобаҳо 109 ҷасадро берун оварданд.

Хабаргузории машҳури Анадолуи Туркия аз наҷоти кӯдаки сесола ба дасти имдодгарони тоҷик навишт

Пайгоҳи хабарии туркӣ дар бораи наҷоти кӯдаки сесола

Хабаргузории саросарии Туркия Анадолу дар гузорише аз шаҳри Қаҳрамонмаръаши ин кишвар аз рӯйдоди дирӯз, наҷоти кӯдаки сесола ба дасти имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ин хабаргузорӣ, ки аз ҷумлаи машҳуртарин хабаргузориҳои Туркия мебошад,  ахиран бо интишори расме навишт: Наҷот писари 3-сола баъди 158 соати заминларза дар...

Дидору мулоқот ва изҳори сипоси шаҳрдор ва сардори Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи Туркия бсарварони дастаи наҷоти КҲФ

12 феврали сол 2023 шаҳрдори шаҳри Қайсарии Ҷумҳурии Туркия ҷаноби Гокмен Чичек бо сарвари дастаи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- майор Сулаймон Исозода мулоқот кард.

Қайсарӣ яке аз шаҳрҳои калонтарини Туркия ва маркази маъмурии вилояти Қайсарии ин кишвар мебошад.

Страницы