Шабонрарӯзи гузашт адар қаламрави кишвар ҳафт ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Чунончӣ, 13 феврали соли 2023 дар ҳудуди ноҳояиҳои Шуғнон, Ишкошим ва шаҳри Хоруғи ВМКБ ҳодисаи лағзиши тарма дида шуд, ки бар асари он дар қитъаҳои гуногуни роҳи мошингарди Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб ва Хоруғ – Кӯлоб – Душанбе муваққатан баста шуданд.
Рӯзи 13-уми феврали соли 2023 тахминан соати 14:28 дақиқаи вақти м аҳаллӣ боришҳо сабаби лағзиши тарма дар километрҳои 21 ва 32 роҳи дорои аҳамияти байналмилалии Хоруғ-Ишкошим, ки аз Баржири ҷамоати деҳоти Аскар Зокирови ноҳияи Ишкошим мегузарад, шуд.
Ғайр аз ин дар километри 27-уми роҳи мазкур, дар наздикии деҳаи Нишуспи ҷамоати деҳоти Г.Шаҳбозов низ тарма омад. Барои бартааф кардани паёмадҳои ин офат техникаи Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ҷалб карда шудааст.
Худи ҳамин рӯз соати 18:14 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 7-уми роҳи Хоруғ-Ишкошим, ки аз қаламрави Ниводаки шаҳри Хоруғ мегузарад, ду ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Дар ин ҳодисаҳои талафоти ҷонӣ набуд, тарма харобии дигар ҳам наовард.
Воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд ва роҳҳои мушкилгузару тармахези дигар навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардаву ҳар лаҳза омода кӯмак ба ронандагону мусофирон мебошанд.
Бино ба пешгӯии обуҳавошиносон бар асари бориши барфу борон ва болоравии дамои ҳаво дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисмати ғарбии ВМКБ то 17-уми феврали соли равон хатари лағзиши тарма, резиши санг ва омадани селҳо боқӣ мемонад. Эҳтимоли яхбандиҳо дар ағбаҳо ва туман дар водиҳо вуҷуд дорад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад аз сафарҳои безарурат ба ин минтақаҳо худдорӣ кунанд. Рафтан ба доманакӯҳҳо барои ҷмъоварии ҳезум, чорвочаронӣ ва шикор низ маслиҳат нест.
Ронандагоне, ки бо роҳҳои кӯҳиву ағбаҳои сафар карданианд, қабл аз сафар дар бораи вазъи роҳҳо маълумот гиранд. Қоидаҳои бехатарӣ, бахусус ронандагӣ дар ҳоли туман, яхбандиро риоя кунанд.
Фосилаи байни мошинҳо ҳар қадар дуртар бошад, ҳамон андоза ба манфиаи амнияти бехатарии шумост!