Ҳамасола дар доираи ин рӯз дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагӣ ба вокуниш ба офатҳои табиӣ, сӯхторҳо ва садамаҳои эҳтимолӣ дарсҳои мавзӯӣ ва омӯзишҳои намоишӣ гузаронида мешаванд.
Дар машғулиятҳо коркунони Кумита ба бачахо дар бораи таърихи ташаккул ва инкишофи системаи мудофиаи гражданй дар мамлакати мо, нақши имрӯзаи он ва он чи ки ҳоло ба сохтори мудофиаи гражданӣ дохил карда шудааст, наҳл мекунанд.
Ахиран чунин чорабиниҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон баргузор шуданд.
Хонандагони ин мактабҳо фаҳмиданд, ки мудофиаи гражданӣ ин системаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба ҳимоя ва ҳифзи аҳолӣ, сарватҳои моддӣ ва фарҳангии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хатарҳое мебошад, ки ҳангоми даргириҳои ҳарбӣ ё дар натиҷаи ин муноқишаҳо, инчунин дар ҳолатҳои фавқулоддаи табий ва техногенй ба вуҷуд меоянд.
Илова бар ин дар рафти чунин чорабиниҳо ба бачаҳо фаҳмонданд, ки дар вақти расидани ҳар сигнали хатари ин ё он офати табиӣ бояд чӣ кор кард, аз асбобҳои ҳимояи хусусӣ чӣ гуна бояд истифода кард, доштани доруқутии шахсӣ чӣ аҳаммият дорад ва он чаро бояд бо доруҳои лозимӣ ҳамеша таъмин бошад.
Ба зарардидагон чи гуна метавон ёриҳои аввалияи тиббӣ расонд?
Дар ин гуна чорабиниҳо бачаҳо донишҳои худро дар бораи хатарҳои офатҳои табиӣ, коҳиши хатарҳо, омодагиҳои лозим барои вокуниш ба офатҳо ва дигар ҳолатҳои фавқулодда такмил медиҳанд.