Рӯзи мудофиаи гражданӣ дар Ҳисор

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2025 ва дар доираи якмоҳаи «Рӯзи мудофиаи гражданӣ» аз ҷониби кормандони Бахши Кумита дар шаҳри Ҳисор дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ машқҳои мудофиаи гражданӣ гузаронида мешаванд.

 Кормандони шуъбаи ҳолатҳои фавқулодда дар якҷоягӣ бо хонандагон ва ҳайати омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии No51-и деҳаи Ҷавонони ҷамоати деҳоти Дурбат ин машқҳоро ташкил ва гузарониданд.

Баррасии паёмадҳои заминларзаи Рашт дар маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

17 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маҷлис, ки бо иштироки аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ҷараён гирифт, масъалаи дақиқ муайян намудани оқибатҳои заминҷунбӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва бартарафсозии онҳо баррасӣ гардид.

Баргузории ҷаласаи РЕАКТ дар Китобхонаи миллӣ

Имрӯз, 17 апрели соли 2025 дар бинои Китобхонаи миллӣ таҳти сарварии муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ  ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Кавилмадам Рамасвами  Парвати, бо ширкати намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалӣ

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои номусоиди рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон та таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 17-19 апрели соли ҷорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад.

Рӯзҳои 18-19 дар бисёр навоҳии кишвар бориши борони пуршиддат ва дар баъзе навоҳӣ раъду барқу жола дар назар аст. Рӯзи 19 апрел дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр борон метавонад мубаддал ба барф шавад. 

Кумакҳои Пешвои миллат ба зарардидагони заминҷунбӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод

15 апрел дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони заминларзаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод кумакҳои иборат аз хӯрокворӣ, ашёи хоҷагидорӣ ва масолеҳи сохтмонӣ фиристода шуд.

Хотиррасон менамоем, ки 13 апрели соли 2025, соати 09:24 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Қувваи ларзиши замин дар марказаш, ки дар масофаи 160 км самти шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 21 км самти шарқ аз маркази ноҳияи Рашт

Страницы