Рустам Назарзода бо ҳайате аз Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар як ҳамоиши байналмилалӣ вориди Мексика шуд

Генерал-лейтенант Рустам Назарзода дар Мексика аз барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда, иқдомоти ахир дар мавриди бартарафсозии оқибатҳои офоти табиӣ дар кишвар нақл хоҳад кард.
Ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии

Наваскарони Кумита савганди садоқат ба Ватан ёд карданд

20 –уми майи соли равон дар қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанави савгандёдкунии наваскарон доир шуд.
Наваскарони воҳидҳои низомии Кумита дар аввалин моҳҳои оғози хизматашон дар сафи қувваҳои ҳарбӣ аз садоқаташон ба Ватан ва омода будан ба иҷрои ҳар амру фармон савганд ёд карданд.

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода соҳиби 11 техникаи муҷаҳҳази нав шуданд

Неруҳои вокуниши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби техникаи нав шуданд. Ба наҷотдиҳандагон шаҳодатномаҳо ба 11 адад мошинҳои садамавиву наҷот супурда шуданд, ки комилан муҷаҳҳаз буда, барои корҳои гуногуни наҷот пешбинӣ шудаанд.

Дарси омӯзишии риояи бехатарӣ барои донишомӯзони литсеи нақлиёт ва техника

80 нафар донишомӯзони литсеи нақлиётиву техникии рақами 52 – и пойтахт амалкардҳо дар ҳолатҳои фавқулоддаро дар Маркази таълимиву методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиш диданд.
Мавзуъи ин дарс, ки ахиран баргузор гардид, “Ҳолати фавқулоддаи  табиӣ ва техногенӣ” ном дошт.
Дар остонаи таътилҳои тобистона, замоне, ки ҷавонон вақти

Заминларза бо қувваи аз 3 то 4 балл Тоҷикистонро такон дод

Тибқи иттилои Институти зилзиласанҷии Тоҷикистон субҳи имрӯз, соати 07:48 дақиқа бо вақти Душанбе дар қаламрави кишвар заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд.
Маркази зилзила 357 километрии қисмати ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе ва 23 километрии шарқи кӯли Сарез буд.
Манбаъ иттилоъ дод, ки қувваи заминларза дар маркази он 4 балл, дар кӯли Сарез 3 балл буд.
Заминларза қурбонӣ ва харобӣ надошт.

Страницы