80 нафар донишомӯзони литсеи нақлиётиву техникии рақами 52 – и пойтахт амалкардҳо дар ҳолатҳои фавқулоддаро дар Маркази таълимиву методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиш диданд.
Мавзуъи ин дарс, ки ахиран баргузор гардид, “Ҳолати фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ” ном дошт.
Дар остонаи таътилҳои тобистона, замоне, ки ҷавонон вақти холии бештар пайдо мекунанд, муҳим будани масъалаи бехатарӣ ба маротиб меафзояд. Ин аст, ки дар дарсҳои омӯзишӣ омӯзгорон ба донишомӯзон дар бораи роҳу шеваҳои пешгирӣ аз навъҳои гуногуни ҳолатҳои фавқулоддаву офатҳои табиӣ нақл карданд ва ҳамчунин гуфтанд, ки дар ин гуна ҳолатҳо чӣ гуна бояд ба худ, наздикон ва атрофиён ёрӣ расонд.
Ҳамзамон бо ин барои донишҷӯён наворҳои видеоӣ дар бораи роҳҳо ва усулҳои наҷоти одамон дар ҳолатҳои фавқулодда, ҳамчунин роҳандозии суҳбатҳо дар бораи табдирҳои бехатарӣ ҳангоми истироҳат дар ҳавзҳои оббозиву соҳили рӯдхонаҳо пешниҳод карда шуданд.
Зикр шуд, ки дар остонаи таътилҳои тобистона таъмини бехатрӣ дар обҳо хеле ва хеле муҳим аст. Омӯзгорон ба донишомӯзон риояи қоидаҳои бехатариро фаҳмониданд. Аз ҷумла гуфтанд, ки дар ҷойҳои санҷиданашудаи ҳавзҳои шиноварӣ оббозӣ кардан лозим нест, зеро дар қаъри об метавонад ашёҳои хатарноке аз чашмҳо ниҳон бошанд.
Ҳамчунин набояд дур аз соҳил шино кард ва баданро бо шинои дурудароз набояд сард намуд, чун ин муҷиби ларзиши бадан ва сироят ба беморӣ метавонад шавад.
Риоя накардани ин қоидаҳо метавонад сабабгори латхӯрӣ ва ҳатто марги одамон низ гардад.
Дар поёни омӯзиш ба ҳамаи иштирокдорон варақаву китобчаҳо дар бораи қоидаҳои бехатарӣ тақсим карда шуданд. Донишомӯзон дар навбати худ қаноатмандиашонро аз дарси имрӯза иброз доштанд ва ба муҳим будану риояи қоидаҳои бехатарӣ таъкид карданд.
Ин гуна дарсҳои омӯзишӣ минбаъд низ муттасил гузаронида хоҳанд шуд.