Тибқи иттилои Институти зилзиласанҷии Тоҷикистон субҳи имрӯз, соати 07:48 дақиқа бо вақти Душанбе дар қаламрави кишвар заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд.
Маркази зилзила 357 километрии қисмати ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе ва 23 километрии шарқи кӯли Сарез буд.
Манбаъ иттилоъ дод, ки қувваи заминларза дар маркази он 4 балл, дар кӯли Сарез 3 балл буд.
Заминларза қурбонӣ ва харобӣ надошт.