Генерал-лейтенант Рустам Назарзода дар Мексика аз барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда, иқдомоти ахир дар мавриди бартарафсозии оқибатҳои офоти табиӣ дар кишвар нақл хоҳад кард.
Ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҷиҳати ширкат дар иҷлоссияи панҷуми Платформаи ҷаҳонӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ вориди шаҳри Канкунеи Мексика шуд.
Дар ҷараёни ширкаташ дар ин ҳамоиши байналмилалӣ сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо маърӯза баромад мекунад ва натиҷаи корҳои Эъломияи Душанбе, ки дар аввалин ҷаласаи Платформаи минтақавии Осиёи Марказӣ ва Қавқози Ҷанубӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ рӯзҳои 12-14-уми июли соли 2016 қабул шуда буд, ироа мекунад.
Ҳамчунин Рустам Назарзода қарор аст ба ширкаткунандагони ҳамоиш дар бораи чораву тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар доираи барномаи Сендай оид ба коҳиши хатари офот муфассал нақл кунад.
Ҳамзамон бо ин дар доираи Платформаи ҷаҳонӣ як силсила дидору мулоқотҳои дуҷонибаи Раиси Кумита тарҳрезӣ шудааст, ки дар онҳо масъалаҳои ҳамгироии коҳиши хатари офатҳо дар минтақа дар чаҳорчӯби барномаи Сендай мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.