Барраси ҷанбаҳои қонунии таҳкими имконияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар як семинари дурӯза дар шаҳри Душанбе

Ширкаткунандагони як семинари байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе имкониятҳои қонунии таҳкими фаъолиятҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Яке аз бахшҳои баррасии масоили зикршуда пешниҳодҳо барои васеъ намудани зарфиятҳои Кумита дар таъмини омодагӣ ва чораҳои вокуниш дар ҳолатҳои фавқулодда

Савол ба Раиси Кумита: Ҳолатҳои фавқулоддаи техногенӣ, яъне чӣ?

Муҳтарам генерал!

Дар сомонаи Кумитаи шумо ду истилоҳро бештар вомехӯрем: ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ. Табиоро то ҷое медонем, ки селу ярчу тармаву обхезӣ шояд дар назар дошта шудааст. Аммо ҳолати фавқулоддаи техногенӣ чист? Мехостам дар ин бора бидонам.

Муколама атрофи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар мулоқоти ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ муколамаи ошкоро атрофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат гирифт, ки барои ҷонибҳо

Наҷоти 76 нафар дар ним сол аз ҳодисаҳои фавқулодда

Кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва муодофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2017 бар асари роҳандозии чорабиниҳои фаврӣ ҷони 76 нафарро аз хатар наҷот додаанд.

Аз ҷумла, дар зимистони сарди гузашта 24 нафар аз зери тарма, 13 тани дигар аз об, 10 нафар аз садамаҳои нақлиётӣ

Дар ним сол дар Тоҷикистон 51 ҳодисаи фавқулодда ба қайд гирифта шуд

Таҳлили натиҷаи фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва муодофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ нишон медиҳад, ки зарфи шаш моҳи соли 2017 дар қаламрави кишвар 51 ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ рух додааст. Аз ҷумла, 15 ҳодиса лағзиши тарма, 17 мавриди резиши санг ва нуҳ ҳодисаи сели харобиавар.

Страницы