Дар мулоқоти ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ муколамаи ошкоро атрофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат гирифт, ки барои ҷонибҳо хеле муфид буд.
21 июли соли равон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо намояндагони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор шуд. Дар рӯзномаи мулоқот ду масъала гузошта шуда буд: ҷараёни татбиқи “Стратегия миллии ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» .
Ҳусейн Шокиров, сардори раёсати Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷаласаро ифтитоҳ кард ва зикр намуд, ки соли ҷорӣ мо даҳсолагии қабули қонуни мазкурро таҷлил намудем. Мавсуф онро як рӯйдоди таърихӣ дар истиқлолияти кишвар номид ва гуфт, ки қабули ин қонун ва татбиқи амалии он натиҷаҳои мусбатеро дар зиндагии мардум ба бор овард.
Нигина Ризоева, сармутахассиси Кумитаи мазкур зимни суханронии худ ба ҷанбаҳои ҳуқуқии ин қонун таваҷҷуҳ намуд ва бо овардани мисолҳои дақиқ муҳим будани нақши занон дар татбиқи минбаъдаи қонунро зикр кард.
Нигина Ризоева дар идомаи суҳбаташ дар бораи то кадом ҳад муҳим ва созанда будани кори Комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими расму оинҳо ҳарф зад ва бо таассуф қайд намуд, ки тафтиши фаъолияти ин комиссия дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ як қатор камбудиҳоро ошкор кард. Номбурда хоҳиш кард, ки ин камбудиҳо сари вақт бартараф карда шаванд.
Дар поёни мулоқот миёни ширкаткунандагон ва меҳмонон табодули афкор сурат гирифт ва ҳайати шахсӣ дар атрофи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешаҳои худро баён доштанд.