Таҳлили натиҷаи фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва муодофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ нишон медиҳад, ки зарфи шаш моҳи соли 2017 дар қаламрави кишвар 51 ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ рух додааст. Аз ҷумла, 15 ҳодиса лағзиши тарма, 17 мавриди резиши санг ва нуҳ ҳодисаи сели харобиавар.
Дар ин бора лаҳзае пеш дар нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва муодофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода иттилоъ дод.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамчунин гуфт, ки дар натиҷаи офатҳои табиии ба қайдгирифташуда 27 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расиданд ва зарари моддӣ 14 миллиону 541 ҳазору 400 сомониро ташкил дод. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар нимсолаи аввали соли 2016 теъдоди бар асари ҳолатҳои фавқулодда ҳалокшудагон 10 нафарро ташкил медод.
Генерал Рустам Назарзода иброз дошт, ки 10-уми феврали соли 2017 таҳти роҳбарои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда баргузор шуд. Дар ҷаласа дар бораи чораҳои таъхирнопазир барои дар кутоҳтарин фурсат бартараф намудани мушкилот дар роҳҳои мошингарди кишвар, тоза намудани объектҳои роҳҳои нақлиёт аз барф ва тарма, таҳияи нақшаи нави сохтмони иншоотҳои ҳимоявӣ дар роҳҳои мошингарде, ки аз баландкуҳҳо мегузаранд, таҳкими корҳои соҳилбандӣ дар ҳамаи минтақаҳои хатарнок, расонидани кӯмаки ҳамаҷониба ва дастгирии аҳолии зарардида, бахусус оилаҳое, ки дар офатҳои табиӣ наздикони худро аз даст додаанд, супориш дода шуд.
Бино ба гуфтаи Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Дастури Раиси Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чораҳои аввалиндараҷаи бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ноҳияи Лахш” ба сокинони аз сел ва заминларзаи моҳҳои апел ва майи соли 2017 зарардидаи ин ноҳия кӯмакҳо дар шакли маводҳои сохтмон, маводи ғизоӣ, бастаҳои беҳдоштӣ, маҷмаъаҳои хоҷагӣ, ҳамчунин хаймаҳо ирсол карда шуданд. Ҳаҷми кӯмак барои барқарор намудани хонаҳои вайроншуда 755 ҳазору 680 сомониро ташкил дод. Моҳи апрел ва майи соли 2017 дар як қатор рустоҳои ноҳияи Лахш бар асари офати табиӣ хонаҳои 28 сокинон қисман ва 9 хона пурра вайрон шуд.
Ғайр аз ин дар доираи татбиқи Ёддошти тафоҳум “Дар самти омодагӣ, бартарафсозӣ ва коҳиши зарари офатҳои табиӣ, ҳамчунин мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим”, ки миёни КҲФ ва Барномаи байналмилалии рушди СММ дар Тоҷикистон имзо шуда буд, ба сокинони ҷамоати Амондараи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд, ки аз омадани сел зарар дида буданд, 6,4 тонна маводи ғизоӣ кӯмак карда шуд.
Нишасти матбуотӣ идома дорад.