Ду хабар аз Хатлон

Рўзи 04-июли соли 2024, як истиқоматкунандаи 15-солаи ҷамоати деҳоти Фахробод, деҳаи Имоми Аъзами ноҳияи Хуросон ҳангоми оббозӣ дар кӯли сунъӣ ғарқ шудааст. Сабаб риоя накардан ё надонистани қоидаҳои бехатариву шиноварӣ аст.

Худи ҳамон рӯз дастаи зудамали наҷоти раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон  ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, баъди ҷустуҷӯҳои зиёд тақрибан соати 15:47 дақиқа ҷасадро пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд.

Дар асоси Нақша чорабиниҳои гузаронидани машғулиятҳои мудофиаи гражданӣ, роҳандозии корҳои корҳои таблиғотӣ ҷиҳати пешгири офатҳои табиӣ, ҳодисаҳои ғарқшавӣ, тарзу усулҳои истифодабарии таҷҳизотҳои наҷотдиҳӣ, инчунин сафарбарсози қисмҳои ҳарбии гарнизони вилояти Хатлон барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда, рӯзи 04 июли соли 2024 дар қисми низомии 87740-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳури Тоҷикистон, ки воқеъ дар ноҳияи А.Ҷомӣ мебошад, аз тарафи ҳайати шахсии маркази таълимӣ-методии Раёсат ва Дастаи махсуси зудамалӣ наҷоти Раёсат  сафарбар гардида, дар майдони сафороии қисми низомии мазкур бо иштироки зиёда аз 250 нафар афсарону сарбозон машғулиятҳо доир ба ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шуданд.

Ҳамзамон аз тарафи Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсат дар майдони сафороии қисми низомӣ бо афсарону сарбозон тарзи истифодабарии таҷҳизотҳои навӣ наҷотдиҳи намоиш дода шуд

барчасп: