Кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва муодофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2017 бар асари роҳандозии чорабиниҳои фаврӣ ҷони 76 нафарро аз хатар наҷот додаанд.
Аз ҷумла, дар зимистони сарди гузашта 24 нафар аз зери тарма, 13 тани дигар аз об, 10 нафар аз садамаҳои нақлиётӣ наҷот дода шуданд.
Бино ба гуфтаи Раиси кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода ба он нигоҳ накарда, ки аз ҷониби кормандони КҲФ миёни аҳолӣ чорабиниҳои зиёди маърифатӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд, муроҷиатҳо аз тариқи радио ва телевизион пахш мешаванд, боз ҳам дар обҳо одамон ба ҳалокат мерасанд. Да натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар давраи ҳисоботӣ дар рӯдхонаҳо ва кӯлҳо 63 нафар фавтиданд. Теъдоди ҳалокшудагон дар оббозӣ тобистони соли гузашта 61 нафар буд.
Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ки ин лаҳзаҳо дар нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти ниҳод дар нимсолаи аввали соли равон суҳбат мекунад, ҳамчунин гуфт, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар нимсолаи аввали соли 2017 миёни аҳолӣ 189 чорабинӣ гузаронида шуд, ки аз онҳо 9 омӯзиши маҷмуъӣ, 40 тамрини фармондеҳиву ситодӣ, 26 омӯзиши тактикӣ оид ба мудофиаи гражданӣ, 42 омӯзишҳои ситодӣ оид ба мудофиаи гражданӣ ва 72 чорабиниҳо бахшида ба рӯзи мудофиаи гражданӣ дар муассисаҳои таълимоти умумӣ буданд.