Муҳтарам генерал!
Дар сомонаи Кумитаи шумо ду истилоҳро бештар вомехӯрем: ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ. Табиоро то ҷое медонем, ки селу ярчу тармаву обхезӣ шояд дар назар дошта шудааст. Аммо ҳолати фавқулоддаи техногенӣ чист? Мехостам дар ин бора бидонам.
Бо эҳтиром, Дилшод Абдуқаҳҳров,
сокини шаҳри Душанбе
Муҳтарам Дилшод Абдукаҳҳоров!
Ташаккур барои ҳусни таваҷҷуҳатон ба фаъолиятҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар робита ба пурсиши Шумо дар бораи мафҳуми ҳодисаҳои техногенӣ посух медиҳем:
Ҳолати фавқулоддаи дорои хусусияти техногенӣ – ҳолатест, ки дар натиҷаи сар задани манбаи техногенӣ дар иншоот, ҳудуди муайян ё акватория шароити муқаррарии ҳаёт ва фаъолияти одамон халалдор мешавад, ба ҳаёт ва саломатӣ таҳдид ба вуҷуд меояд, ба молу мулки аҳолӣ, хоҷагии халқ ва муҳити табиии атроф зарар мерасад. Ҳолати фавқулоддаи техногениро аз рўи ҷои сар задани онҳо ва характери омилҳои асосии осебдиҳандаи манбаи он муайян мекунанд.
Мисол:
Садамаи нақлиётӣ, ки боиси ҳалокати одамон мешавад, ба инсонҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ мерасад, иншоотҳо ва воситаҳои нақлиёт вайрон мешаванд, ба муҳити атроф зарар мерасад. Ин гуна садамаҳоро аз рўи намудҳои нақлиёте, ки сабабгори он шудаанд ва ё аз рўи омилҳои осебдиҳандаи хатарнок муайян карда мекунанд.
Таркиши садамавӣ. Таркишест, ки дар натиҷаи вайрон кардани технологияи истеҳсолот, хатоҳои ҳайати хизматрасон, ё худ ҳангоми лоиҳакашӣ содир шудаанд.
Таркиш. Раванди зудгузари мубаддалгардии моддаҳои физикӣ ва кимиёвӣ, ки боиси хориҷ шудани миқдори аз ҳад зиёди энергия мешавад. Дар натиҷаи он атроф такон мехӯрад ва он метавонад сабагори ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулоддаи хатарнок шавад.
Партови моддаи кимиёвии хатаровар. Хориҷ шудани моддаҳои кимиёвии хатарзо ва ё маҳсулоти аз чунин модда тайёршуда аз дохили зарфҳо, ё ҳангоми интиқолашон дар натиҷаи ҳавоногузар будан вайрон мешаванд. Миқдори муайяни ин моддаҳо сабабгори фоҷеаи кимиёвӣ шуда метавонад.
Фалокати ҳавопаймоӣ. Ҳодисаест хатарнок, ҳавопаймо ҳангоми парвоз дучори садама мешавад, одамон беному нишон гум мешаванд, ё ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ мебардоранд. Дар аксар ҳолатҳои садамаи ҳавопаймо одамон ба куллӣ ба ҳалокат мерасанд. Кам ҳолатеро таърихи ин гуна садамаҳо ёд дорад, ки чант тан зинда монда бошанд. Дар аксар маврид ҳавопаймоҳо дар манотиқе сарнагун мешаванд, ки ҷустуҷӯи онҳо тӯл мекашад ва дар натиҷа наҷоти одамон аз имкон берун мемонад.
Ҳамаи инҳо ҳолатҳои фавқулоддаи технигенианд.
Дар бораи ҳалатҳои фавқулоддаи табиӣ худи шумо дақиқан дуруст фармудед. Инҳо ҳамон селу яручу, тармаву заминларзаҳоянд, ки ба ҷони инсонҳо, молу мулк, иншоотҳои мулкиву давлатӣ таҳдид мекунанд.