Ширкаткунандагони як семинари байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе имкониятҳои қонунии таҳкими фаъолиятҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Яке аз бахшҳои баррасии масоили зикршуда пешниҳодҳо барои васеъ намудани зарфиятҳои Кумита дар таъмини омодагӣ ва чораҳои вокуниш дар ҳолатҳои фавқулодда мебошад.
24 – уми июли соли 2017 бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарии байналмилалӣ оид ба баррасӣ ва ворид намудани тағйирот дар Қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ” ба кор оғоз кард. Дар семинар намояндагони вазорату идораҳое, ки шомили Системаи ягонаи давлатии пешигирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда мебошанд, ширкат доранд.
Ба семинар мутахассисон аз Институти умумирусиягии илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи ВҲФ Русия даъват шудаанд. Онҳо ҳамроҳ бо ҳамкасбони тоҷикашон масъалаҳои пешниҳодҳо оид ба такмили Қонуни зикршударо баррасӣ мекунанд.
Дар семинар мутахассисони Русия барномаи “Вижагиҳои амал намудани Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар Федератсияи Русия” ва “Таҳияи нақша-ҷадвали ташкили Системаи ягон оид ба таъмини омодагӣ ва чораҳои вокуниш дар ҳолатҳои фавқулодда баъди омӯзиши қонунҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро муаррифӣ карданд.
Яке аз бахшҳои баррасии масоили зикршуда пешниҳодҳо барои васеъ намудани имкониятҳои КҲФ дар таъмини омодагӣ ва чораҳои вокуниш дар ҳолатҳои фавқулодда мебошад.
Ҳамчунин дар сурати қабули тағйирот дар қонуни амалкунанда имкон фароҳам хоҳад омад самаранокии фаъолияти мақомоти идорӣ дар ҳамаи сатҳҳои Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, таъмини амнияти аҳолӣ ва ҳудуд аз таҳдидҳои табииву техногенӣ васеъ карда шавад.
Семинари мазкур бо дастгирии намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон мегузарад.