Савгандёдкунии наваскарони даъвати баҳории КҲФ дар боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ
Чоп шуд: 05/06/2024 | admin5 июни соли 2024 дар боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ наваскарони даъвати баҳории қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қасами ҳарбӣ ёд карданд.
Дар ин рӯз 125 нафар наваскарони се қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳидии пайвандону дӯстонашон, ҳамчунин собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ савганди садоқат ба Ватан ёд карданд.