Шабонарӯзи гузашта дар кишвар бодҳои шадид ва омадани селҳо сабт шуданд. Ин ҳодисаҳо хушбахтона, талафоти ҷонӣ надоштанд.
Чунончӣ, 4 июни соли 2024 соати 18:46 дақиқа шамоли сахт сабаби ба замин уфтодани як дарахт дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе, бинои 273 шуд. Барои бартараф кардани паёмадҳои ин ҳодиса наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расиданд ва бо ёрии воситаҳои техникии махсус дарахтро аз сари роҳ берун бурданд.
4 июли соли 2024 борони шадид сабаб гардид, ки таҳхонаи 4 хонаи истиқомтӣ дар деҳаи Гулбарги ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб аз об пур шавад.
Наҷотдиҳандагони Кумита барои берун кашидани об аз таҳхонаи сокинон фиристода шуданд ва паёмадҳои ин ҳодиса дар кутоҳтарин муддат бартараф карда шуд.