Савгандёдкунии наваскарони даъвати баҳории КҲФ дар боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ

5 июни соли 2024 дар боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ наваскарони даъвати баҳории қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қасами ҳарбӣ ёд карданд.

Дар ин рӯз 125 нафар наваскарони се қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳидии пайвандону дӯстонашон, ҳамчунин собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ савганди садоқат ба Ватан ёд карданд.

Сарбозон дар хузури фармондеҳон, падару модарон ва меҳмонони даъватшуда дар даст силоҳ ба Ватан савганд ёд карданд, ки вазифаи ҳарбии худро сазовор иҷро намуда, озодӣ ва истиқлолияти давлатро мардонавор ҳимоя мекунанд. Хидматчиёни ҳарбӣ санади савганди ҳарбиро бо имзои худ тайид карданд.

Дар маросим роҳбарони КҲФ, ҷанговарони интернатсионалист, хонандагони синфҳои болоии мактабҳои наздик ба қисмҳои ҳарбӣ, ҳамчунин волидону пайвандон ва дӯстони наваскарон иштрок намуданд.   

Волидоне, ки дар ин маросим иштирок доштанд, намояндагони фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ ва меҳмонони даъватшуда наваскаронро ба ин муносибат табрик карданд.

Баъди маросими тантанавии савгандёдкунии муовини раиси Кумита генерал-майор Сулаймон Исозода ва фармондеҳони қисмҳои низомӣ бо волидайни хизматчиёни ҳарбӣ дар қисми ҳарбӣ суҳбат карда, ба ҳама саволҳои онҳо посух доданд, ба аҳли хонаводаи наваскарон рақамҳои телефонҳои фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ ва мутасаддиёни дигарро доданд, то дар зарурат озодона тамос гиранд.

Падарону модарон ва наздикони наваскарон бо шароити хидмат ва истироҳату фароғати фарзандонашон дар қисми ҳарбӣ аз наздик ошно шуданд.

барчасп: