Дар як шабонарӯз боз 2 ноболиғ дар обҳои кишвар ғарқ шуданд

Ҳаво гарм мешавад, одамон бештар талош мекунанд хударо ба соҳили обҳо расонанд, истироҳат кунанд. Аммо мутаассифона, баъзан ин истироҳатҳои фоҷеабор меоянд.

1 июни соли 2024тахминан соати  16:00 як сокини 15-солаи шаҳри Бохтар ҳангоми оббоззӣ дар канали Бибихонум ғарқ шуд.

Пас аз дарёфти хабар наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон иборат аз 13 нафар ба ҷои ҳодиса барои гузаронидани корҳои ҷустуҷӯии рӯиобиву ва зериобӣ сафарбар карда шуданд. Корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот муддати ду рӯзи охир қатъ нашуданд.

3 июни соли 2024, тахминан соати 10:00 ҷасади наврас тақрибан 800-850 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса пайдо шуд ва ғаввосон онро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Ҳодисаи дуввум дар ноҳияи Рӯдакӣ сабт шудааст. 3 июни соли 2024 навраси 14-сола, сокини деҳаи Баҳористони ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳавзи поёни кони ҶДММ “Сомон Сангрез”, ки дар он ҷо шиноварӣ манъ аст, машғули оббозӣ шуда, ғарқ гардидааст.  Начотдихандагони Кумита ба стансия фиристода шуданд. Пас аз чанд соати ҷустуҷӯ ва наҷот, ҷасади писарбачаро дар поёноб пайдо карда, ба мақомоти дахлдор супурданд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки як сабаби аслии ҳалокати одамон дар обҳо, новобаста ба синну солашон ин оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ мебошад. Кӯдакону наврасон бошанд асосан ба сабаби беназоратӣ аз ҷониби калонсолон, бахусус волидонашон дар обҳо ғарқ мешаванд.

Борҳои гуфтаему боз такрор мекунем, ки беназорати ҳамеша муҷиби фалокат ва фоҷеа мешавад. Роҳи ягонаи пешгирӣ аз ин гуна ҳолатҳои беназорат нагузоштани наврасон мебошад.

барчасп: