Ҳаҷми зарари расида аз офатҳои табиӣ. Маълумоти расмӣ

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи офатҳои табиии рӯзҳои 5, 10, 17, 18 ва 25 майи соли 2024 дар шаҳру навоҳии кишвар 24 бинои истиқоматӣ осеб дидааст, ки аз ин 15 хона пурра ва 9 манзили истиқоматӣ  кисман зарар диданд.

Илова бар ин, тибқи маълумоти пешакӣ, биноҳои шаш муассисаи таҳсилоти миёна ва томактабӣ, 260 километр роҳ, 27 пул, 15,2 километр хати интиқоли қувваи барқ, 0,8 километр хати алоқа, 87,7 километр иншооти ҳифзи соҳил, 92,6 километр хати обгузар, 14,7 километр партобҳои сел, 2 километр шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсия, 10 стансияи обкашӣ ва иншооти гидротехникӣ, 1076 гектар замини кишоварзӣ, 137 сар чорвои калон, 501 сар чорвои хурд, 62 паранда, 169 хонаводаи занбӯрони асал ва 26 ҳавзи моҳӣ осеб диданд. 

Аз 3-юм то 26-уми майи соли 2024 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 256 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки тибқи ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи шаҳру ноҳияҳо ба маблағи беш аз 44 миллион сомонӣ хисорот расидааст.  

Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулода ҷиҳати рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ 157 ҳазору 70 литр сӯзишвории дизелӣ, 290 тонна семент, 10100 метри мураббаъ габион, 7 тонна арматура ва 6700 метр сим ва 10 тонна сими пулоди қутраш 3,5 миллиметр ҷудо ва ба манотиқи осебдида расонда шуд.

Кумита бо мақсади ҳифзи аҳолӣ аз минтақаҳои хатарнок дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ навбатдории шабонарӯзӣ ташкил намуда, дар рӯзҳое, ки хатари омадани сел вуҷуд дошт, дар манотиқи мухталиф 5550 нафарро мувақатан ба ҷойи амну бехатар интиқол дод.  

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии осебдидаву зарардида орди навъи аввал, шакар, равғани пахта, нахӯд, биринҷ, картошка, сабзӣ, пиёз, васоили хоб, мӯзаҳои резинӣ, аробаи дастӣ, белу каланд кумак кард.   

Кумита дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба 1174 оилаи зарардида, аз ҷумла сӯзишвории дизелӣ, орд, равған, нахӯд, бастаҳои беҳдоштӣ ва ҳаббҳои безараргардонии оби нӯшокӣ кӯмак расонид.

Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки ба 1500 оилаи дигар дар шакли орд, равған, нахӯд, бастаҳои беҳдоштӣ ва ҳаббҳои безараргардонандаи оби нӯшокӣ кумак расонад.

барчасп: