Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷамирзода Муслихиддин вохӯрӣ баргузор гардид.
Вохӯрӣ дар доираи татбиқи “Соли маорифи ҳуқуқӣ” доир шуда, ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.
Ҳамчунин, дар доираи татбиқи минбаъдаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар назди ҳозирин Наҷотзода Мутеулло, корманди Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд.