Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 1-уми ноябри соли равон соати 07:39 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминҷунбӣ 431 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 49 километр шимолу ғарби ноҳияи Мурғоби ВМКБ буд.
Қувваи заминларза дар маркази он 3 балл ва дар қаламрави ноҳияи Мурғоб 2 баллро ташкил дод.
Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест.