Ҳаводиси рӯзҳои гузашта. Селҳо ва ҳалокати се нафар дар ҳодисаҳои нохуш

Хулосаи маълумоти ҷамъшуда зарфи 24 соати гузашта ҳикоят аз селҳо дар гӯшаву канори кишвар ва ҳалокати се нафар дар  ду рӯйдоди нохуш мекунад.

Чунончӣ, рӯзи 23 июни соли 2024 дар ноҳияи Лахш, Шамсиддин Шоҳин, шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Шаҳристон борони шадид сабаби омадани селҳо шуд.
Бар асари сели азим дар қаламрави ноҳияи Лахш, ки соати

Рейдҳои муштарак

22 июни соли 2024 бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар об дар фасли тобистон кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳили кӯлу дарёву каналҳои шаҳри Душанбе рейдҳои пешгирикунанда гузарониданд.
Ин гуна рейдҳо дар соҳили дарёҳои Душанбе,

Мулоқот дар КҲФ

22 июни соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати шахсӣ бо муаллими калони кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Ҳ. Имомов вохӯрӣ доир шуд. Мавзуъ «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлол» буд.

Селҳои рӯзи гузашта

КҲФ қаблан хабар дода буд, ки дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии вилояти Суғд, ғарби ВМКБ ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ омадани сел, болоравии сатҳи об дар дарёҳо, ярч ва сангрезиҳо дар роҳҳо пешгӯӣ мешавад.

НТҶ

Чунончӣ, 21 июни соли 2024 соати 17:10 бар асари боронҳои шадид дар доманакӯҳи деҳаи Шарафи ҷамоати деҳоти Зайнободи ноҳияи Рӯдакӣ сел омад. Дар натиҷа қитъаи наздиҳавлигии як сокини маҳалла, роҳи мошингузар зери об монд. 

КҲФ: Эҳтимоли омадани селҳо дар баъзе минтақаҳои кишвар вуҷуд дорад. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои 23-24 июни соли 2024 дар як катор районхои кӯҳӣ ва доманакӯҳии кишвар, аз ҷумла вилояти Сугд ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимоли омадани сел вуҷуд дорад.

Ғайр аз ин болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ ва ярч дар назар дошта шудааст. 

Страницы