КҲФ қаблан хабар дода буд, ки дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии вилояти Суғд, ғарби ВМКБ ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ омадани сел, болоравии сатҳи об дар дарёҳо, ярч ва сангрезиҳо дар роҳҳо пешгӯӣ мешавад.
НТҶ
Чунончӣ, 21 июни соли 2024 соати 17:10 бар асари боронҳои шадид дар доманакӯҳи деҳаи Шарафи ҷамоати деҳоти Зайнободи ноҳияи Рӯдакӣ сел омад. Дар натиҷа қитъаи наздиҳавлигии як сокини маҳалла, роҳи мошингузар зери об монд.
Дар деҳаҳои Мавҷ ва Турдиеви ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода сел 8 қитъаи наздиҳавлигӣ, 25 гектар замини кишоварзӣ ва як роҳи мошингардро зери об намуд.
Барои ташкили кор оид ба рафъи окибатҳои офати табиӣ ва муайян кардани ҳаҷми зарари расида комиссияи ҳолатҳои фавҳулоддаи ноҳия фаъолият дорад.
21 июни соли 2024, тахминан соати 13:20 дар натиҷаи борону раъду барқ дар километрҳои 83 ва 86 шоҳроҳи Душанбе-Рашт-Лахш, ки аз ҳудуди шаҳраки Халолаки шаҳри Роғун мегузарад, сел омад. Дар натиҷа, роҳ муваққатан баста шуд. Барои рафъи паёмадҳои сел техникаи махсуси хадамоти роҳи шаҳри Рағун ҷалб гардида, соати 17:10 роҳ кушода ва ҳаракати нақлиёт барқарор карда шуд.
21 июни соли 2024 дар деҳаи Хомдараи ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳияи Сангвор болоравии сатҳи оби дарёи Хингоб ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа маҷрои дарё дигар шуда, хатари аз соҳил берун шудани оби рӯдхона ба миён омад. Ҷараёни пуртуғёни об пули пиёдагардонро хароб кард. Барои ҷилавгирӣ аз хатари шуста шудани пул ба ҷойи ҳодиса таҷҳизоти муҳандисӣ сафарбар шуда, корҳо идома доранд.
Вилояти Суғд
20 июни соли 2024 соати 22:10 дар деҳаи Ҳисори ҷамоати деҳоти Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон дар натиҷаи боришоти шадид сел омада, ки роҳҳои маҳаллӣ дар масофаи 5 километр осеб диданд. Барои бартараф намудани паёмадҳои ин сел корҳо идома доранд.
21 июни соли 2024, тахминан соати 18:30 дар деҳаи Хушекати ҷамоати деҳоти Росровут, ноҳияи Деваштич сел ба амал омад, ки дар натиҷа роҳҳои маҳаллӣ ва пули мошингарди байни деҳаҳо ба масофаи 3,5 километр осеб дид. Корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд
Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест.