Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабул дар вазифаи штатии холии ҳарбии афсарӣ ва прапоршикии зерин
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
1. Дар Дастгоҳи марказии Кумита: (дар ш. Душанбе)
- Афсари калон (4 ҷой);
- Афсар (5 ҷой);
1.Дар Раёсати моддию техникӣ, хӯрокворӣ ва таъмини нақлиёт: (дар ш. Душанбе)
- Афсари калон ва (2 ҷой);
- Афсар (агроном) (2 ҷой);
- Сардори гаражи Хоҷагии автомобилӣ;
- Сардори анбори захираҳои эҳтиётӣ;
- Сардори анбори таъминоти сузишворӣ ва равғанҳои молиданӣ;
- Сардори анбори хӯрока;
- Сардори анбори амволи шайъӣ;
- Сардори анбори силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ
- Сардори қисми хоҷагидории хадамоти аслиҳа ва хадамоти ҷангӣ.
1. Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд
- Афсари калон (2 ҷой);
- Афсари (4 ҷой);
- Дастурдиҳанда-наҷотдиҳанда (5 ҷой).
1. Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳоли фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе
- Афсар (1 ҷой);
- Дастурдиҳанда-наҷотдиҳанда (3 ҷой)
1. Дар шуъба ва бахшҳои шаҳру ноҳияҳо (НТҶ)
- Афсар дар шаҳри Роғун;
- Афсари калон дар ноҳияи Лахш;
- Афсар дар ноҳияи Файзобод;
- Афсар дар ноҳияи Рӯдакӣ;
- Афсар дар ноҳияи Тоҷикобод.
1. Дар (қисми ҳарбии 45005): (дар н.Рӯдакӣ)
- Командири взвод (2 ҷой)
- Сардори Хадамоти тиббӣ;
- Сардори гурӯҳи алоқа;
- Старшинаи рота (2 ҷой)
- Сардори анбори хӯрока ва амвол.
- Дар (қисми ҳарбии 45025): (дар ш. Гулистони вилояти Суғд)
- Командири взвод (4 ҷой);
- Дастёри духтур (фелдшер);
- Старшинаи рота (2 ҷой);
- Сардори анбори хӯрока ва амвол;
- Дар (қисми ҳарбии 45045): (дар н. Шаҳринав )
- Командири взвод (3 ҷой);
- Старшинаи рота (2 ҷой);
- Сардори анбори силоҳ ва равғанҳои молиданию сузишворӣ;
- Дар (қисми ҳарбии 45075): (дар ноҳияи Рашт)
- Командири взвод (4 ҷой);
- Сардори қисми махфӣ;
- Сардори гурӯҳи алоқа;
- Дастёри духтур;
- Сардори анбори силоҳ ва равғанҳои молиданию сузишворӣ;
- Сардори ошхона;
1. Дар (н. М.С.А.Ҳамадонии вилояти Хатлон)
- Сардори гурӯҳи алоқа;
- Сардори анбори хӯрока ва амволи шайъӣ;
- Сардори анбори силоҳ ва равғанҳои молиданию сузишворӣ;
- Сардори ошхона;
- Сармутахассис.
1.Дар (қисми ҳарбии 45095): (дар ноҳияи Рӯдакӣ)
- Командири взвод (3 ҷой);
- Дастёри духтур;
- Сардори анбори хӯрока ва амвол;
- Сардори анбори силоҳ, техника ва равғанҳои молиданию сузишворӣ.
1. Дар (қисми ҳарбии 45989) (дар н. Вахши вилояти Хатлон)
- Командири взвод (2 ҷой);
- Сардори гурӯҳи алоқа
- Дастёри духтур;
- Муҳосиб-ҳисоббарор.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хизмати ҳарбӣ дохил мешаванд, бояд ба талаботҳои муқарраршудаи зерин мувофиқат кунанд:
- аз рӯи синну сол (барои онҳое, ки бори аввал ба хизмати ихтиёрии ҳарбӣ қабул карда мешаванд мардҳо аз 18 то 35-сола ва занон аз 20 то 35-сола);
- аз рӯи вазъи саломатӣ;
- аз рӯи сифатҳои ахлоқӣ-психологӣ;
- аз рӯи меъёри маълумоти умумӣ;
- аз рӯи дараҷаи тайёрии касбӣ;
- аз рӯи меъёрҳои тайёрии ҷисмонӣ;
- адо намудаи хизмати ҳатмии ҳарбӣ (ба ғайр аз ҳолатҳои тибқи қонунгузорӣ аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод мебошанд ва онҳое, ки тайёрии ҳарбиро дар назди кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳои олӣ гузаштаанд);
- маҳкум нагардидан бо ҳукми суд;
- надоштани кӯдаки то 3-сола (барои занон);
- надоштани шаҳрвандии дигар давлат
Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
- аризаи шахсӣ ба номи Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳанатӣ надорад);
-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-нусхаи шиноснома;
- нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ (барои онҳое, ки ақди никоҳ доранд);
- нусхаи шаҳодатномаи таваллуди фарзандон (барои онҳое, ки фарзанд доранд)
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумотнома дар бораи ҳайати оила;
- хислатнома (аз ҷои кори охирон);
-нусхаи билети ҳарбӣ;
- Маълумотнома (справка-объективка).
Эзоҳ: Номзадон дар вазифаҳои пешниҳодгардида бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ва муайян намудани мувофиқат ба хизмати ҳарбӣ тариқи суҳбати озод тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ ба кор қабул карда мешаванд.
Суроғаи мо:
ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 26, тел. 223-01-53
Почтаи электронӣ: info@khf.tj Сомона: www.khf.tj